Ато Муҳаммади Нур номҳои террористони асосии Осиёи Марказиро расонаӣ менамояд

Сентябрь 13, 2021 09:39

ДУШАНБЕ, 13.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Волии собиқи  Балх, яке аз роҳбарони ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон Ато Муҳаммади Нур рӯйхати пешвоёни гурӯҳҳои террористӣ дар Осиёи Марказиро тартиб додааст, хабар медиҳад агентии русии «Sputnik» дирӯз, 12 сентябр. 

Ба он тақрибан 40 нафар ҷонибдорони созмонҳои мухталифи мамнӯъ бо номҳои бофта шомиланд. Ато Нур тасмим гирифт, ки ин рӯйхатро дар остонаи нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 16-17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, муаррифӣ кунад.

Ҳамин тариқ, ба ин рӯйхат аъзои чунин гурӯҳҳо, ба монанди Ҳаракати Исломии Узбекистон*, «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ»*, «Ҷамоати Ансоруллоҳ»* ва инчунин Давлати Исломӣ *шомиланд. Ҷангҷӯёни ин созмонҳо дар баробари “Ал-Қоида” бо Толибон*, ки ҳоло қудратро дар Афғонистон ба даст овардаанд, ҳамкорӣ мекунанд. «Бигузор ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бидонанд, ки толибон ин одамонро «бародарони исломӣ» меноманд»,- гуфт Ато Нур. Вай зикр кард, ки даст кашидан аз ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ масъулияти асосии “Толибон”* дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аммо, радикалҳое, ки ба сари қудрат омадаанд, ба даъвати дигар давлатҳо посух намедиҳанд.

Ба гуфтаи сиёсатмадор, роҳбарони ин созмонҳо дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҷойгиранд. Ва роҳбари асосии гурӯҳҳо шаҳрванди Қазоқистон, намояндаи «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ»* Ҳоҷӣ-Фурқон аст.

Қаблан полковники мустаъфӣ Маҳдӣ Собир дар суҳбат бо “Sputnik“ гуфта буд, ки созмонҳои дар боло зикршуда «ҳуҷайраҳои террористии хуфта» ҳастанд, ки бо фармони толибон метавонанд ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид кунанд.

____________________________________

*Ташкилоти террористие, ки дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо манъ карда шудаанд

АКС: © facebook/Ато Муҳаммад Нур

 

Сентябрь 13, 2021 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд