Блинкен гуфт, ки ИМА ба нақши Покистон дар ҳаводиси Афғонистон баҳо хоҳад дод

Сентябрь 14, 2021 10:04

ДУШАНБЕ, 14.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маъмурияти ИМА ният дорад нақшеро, ки Покистон дар пуштибонӣ аз Толибон* ва рӯйдодҳои Афғонистон бозидааст, арзёбӣ кунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи душанбеи 13 сентябр котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти ИМА қасд доранд «дар рӯзҳо ё ҳафтаҳои наздик» дар заминаи вазъ дар Афғонистон ва ишғоли ин кишвар аз сӯи толибон «нақши Покистон дар 20 соли охир «-ро баррасӣ кунанд. Тавре ки Блинкен зикр кард, Вашингтон инчунин баҳс хоҳад кард, ки аз нуқтаи назари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Покистон бояд «дар солҳои наздик [дар Афғонистон] чӣ нақш бозад ва барои ин чӣ лозим аст».

Котиби давлатӣ зимни суханронӣ зикр кард, ки амалҳои Покистон «дар бисёр ҳолатҳо ба манфиатҳои ИМА мухолифанд». Вай инчунин афзуд, ки дар баъзе ҳолатҳо манфиатҳои кишварҳо мувофиқат мекунанд. Блинкен изҳор дошт, ки ҷониби Амрико бо Покистон дар якчанд соҳаҳои марбут ба мубориза бо терроризм ҳамкорӣ мекунад.

Ҳаракати радикалии “Толибон”* амалиёти густурдаро барои назорат бар Афғонистон пас аз эълони ИМА дар бораи хуруҷи неруҳояш аз ин кишвар оғоз кард. 15 август президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо дода, кишварро тарк кард ва толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд. Кормандони низомии ИМА то аввалҳои моҳи сентябр Афғонистонро комилан тарк карданд ва ҳузури қариб 20-солаи онҳо дар ҷумҳурии исломӣ хотима ёфт.

____________________________

*Созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст   

 АКС: Агентии федералии ахбор

Сентябрь 14, 2021 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид