29 СЕНТЯБР — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДИЛ. Интихоби тарзи ҳаёти солим ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории дилро пешгирӣ менамояд

Сентябрь 29, 2021 15:37

ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба хулосаи  табибон, имрӯзҳо бемории дилу рагҳо  афзоиш ёфта, яке аз даҳ сабаби фавти бармаҳали одамон ба он рабт дода мешавад.Табибон хатарҳои асри 21-ро ба ҳаёти инсоният муайян намуда, бемории дилу рагҳоро дар сархати он қарор додаанд.

Дил яке азвҳои асосии инсон маҳсуб ёфта, ҳифз ва пешгирии ҳолатҳоигирифторӣ ба бемории дил тавассути тарзи ҳаёти солм муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳамасола 29 сентябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии дил таҷлил мешавад. Ин ҷашн соли 1999 бо ибтикори Федератсияи байналмилалии дил ташкил шуд ва ин иқдомро Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНЕСКО дастгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола  қариб 18 миллион нафар аз ин бемории нисбатан паҳнгардида ба ҳалокат мерасанд. 85%-и чунин ҳолатҳо дар мамлакатҳои даромадашон дар сатҳи паст ва миёна ба амал меояд. Зеро табобати гаронарзиш ва дастнорас боиси марги нафарони ба бемории дилу рагҳо гирифтор мешавад.

Боиси таассуф аст, ки  шумораи фавти умумии нафарони ба бемории дилу рагҳо гирифтор сол аз сол меафзояд.

Тавре табиби бемориҳои дил Ориёна Собирова зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, зиёдшавии холестерин, мубтало будан ба диабети қанд, фарбеҳӣ, камҳаракатӣ, вайроншавии ҳолати асабию рӯҳӣ, гирифтории шараёни фишорбаландӣ, тамокукашӣ, майнӯшӣ, асабоният, камҳаракатӣ ва тарзи нодурусти ҳаёт  аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки шахсро гирифтори бемориҳои дилу рагҳо мекунанд.

Ба зикри Ориёна Собирова,  солҳои охир бемории дил ҷавон шуда, он дар байни ҷавонон бештар ба чашм мерасад. Бино ба андешаи олимони соҳа, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, дуруст  ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, истеъмоли ғизои дуруст ва ҳаракати ҷисмонӣ метавонанд ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории дил ва марг аз онро  то   80 фоиз кам намоянд

«Солҳои охир бемории дилу рагҳо сабаби асосии фавти аҳолии сайёра гардида, паҳншавии он бо боло рафтани синну сол афзоиш меёбад. Ин беморӣ миёни аҳолии аз 70-сола боло беш аз 50% -ро ташкил медиҳад. Дар сохтори фавтияти умумии аҳолии Тоҷикистон аз 100 ҳазор 200 нафарро ташкил медиҳад. Ҳоло дар кӯдакони навзод низ бемории дил зиёд ба назар мерасад, ки аксарияти он  модарзодӣ  мебошад. Сабаби пайдошавии нуқсонҳои модарзодии дил гуногун мебошад. Ҳангоми пайдошавии узвҳои ҷанин дар ҳафтаҳои 4-8-уми  ҳомиладории зан системаи дилу рагҳо инкишоф меёбад. Агар дар ин давра ба организми зани ҳомила омилҳои хатарнок таъсир расонанд, аз ҷумла беморшавӣ дар 3-моҳаи аввали ҳомиладорӣ, асабоният, носолимии оила ва истеъмоли ҳар гуна доруворӣ, ки ба ҷанин таъсир доранд, ин ҳолат метавонад сабаби асосии пайдо шудани нуқсонҳои модарзодии дил ва тамоми узвҳо дар системаи организми кӯдак гардад»,- гуфт мавсуф.

Имрӯз пешрафти илм ва технология дар табобати бемориҳои дил ҳам таъсири мусбати худро гузоштааст. Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, алалхусус  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ беҳтар гардид. Имрӯз дар ҷумҳурӣ техникаву технологияҳое фароҳам оварда шудаанд, ки дар муайян намудани бемории дилу рагҳо кумак карда, кори табибонро сабук намудаанд. Ҳоло табобати бемории дилу рагҳо бо нархҳои дастрас ба роҳ монда шудааст.

Бо мурури замон дастгоҳҳои муосире пайдо шуданд, ки назар ба солҳои қаблӣ дар гузоштани ташхис маълумотро мушаххас ва қариб 100% муайян менамоянд,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ориёна Собирова бар ин назар аст, ки барои пешгирӣ аз пайдошавии бемориҳои дилу рагҳо  сараввал ба солимии худ аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст. Нафаре, ки фаъолияти кории якранг дораду  ҳаракати ҷисмонии кам мекунад, бояд дар байни 2 соат 10-15 дақиқа  қадам зада, дасту пойҳоро ҳаракат диҳад ва гардиши хунро фаъол гардонад, то рагҳои бекорхобида   ба кор даромада, фаъол шаванд. Дар ҳолати  фаъол нагардонидани рагҳо онҳо чарбу гирифта, дар оянда ба бемории ишемикии дил ва сактаи дил оварда мерасонанд.

-Тавсияи ман ҳамчун табиби ин соҳа чунин аст, ки ҳар нафар бояд ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои нахустини бемории дилу рагҳо ба мутахассисони соҳаи тиб муроҷиат намуда, кумаки аввалини тиббиро қабул намояд. Зеро пешгирӣ беҳтар аз табобат аст,-гуфт пизишк Ориёна Собирова.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо аз АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Сентябрь 29, 2021 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»
23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд
«НАВРӮЗ ДАР АСЛ ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд
Пешвои миллат: «Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст»
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Рӯзи Модар рамзи эҳтиром ва қадршиносии махсуси давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Зан-Модар мебошад