ЧАНГУ ҒУБОРИ АФҒОНӢ. Бар ивази гармӣ ба Тоҷикистон чангу ғубор омад

Сентябрь 10, 2021 12:22

ДУШАНБЕ, 10.09.21. /АМИТ «Ховар»/.  Тӯфони чангу ғубор (ё боди «афғонӣ»*), ки гармии Тоҷикистонро иваз кард, рӯзҳои 10-11 сентябр идома хоҳад ёфт. Гузашта аз ин, дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ шамол то 15-20 метр дар як сония мевазад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Тӯфони серчанг, ки аз ҷанубу ғарби кишвар ворид шудааст, шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон — Бохтар, Кӯлоб, Норак, Данғара, Ёвон, Восеъ, Панҷ, Фархор, Дӯстӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва Рӯдакиро фаро мегирад, омадааст дар хабар.

Дар ин давра дар минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ туман низ боқӣ хоҳад монд.

Обуҳавошиносон ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки дар ин рӯзҳо аз гаштугузори зиёд дар кӯчаҳо, бахусус дар наздикии роҳҳо, ки ҳаракати нақлиёт ҳамеша зиёд аст, худдорӣ намоянд.

Шахсоне, ки дар саҳро ва  сохтмон кор мекунанд, низ бояд эҳтиёткор бошанд.

Гуфта мешавад, ки чунин ҳавои чанголуд метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад. Ба кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомила ва онҳое, ки аз бемориҳои роҳи нафас ва дил азият мекашанд, бояд диққати ҷиддӣ дода шавад.

______________________

*«Боди афғонӣ» — шамоли сахти ҷанубу ғарбиест, ки аз чанд соат то чанд рӯз дар болои водиҳои Амударё, Сирдарё, Вахш мевазад ва бо тӯфони ғуборолуду аксаранбо  раъду барқ ҳамроҳ аст.

АКС:- 24

Сентябрь 10, 2021 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад