Дар ҳафтаи иҷлосияи сатҳи баланди Маҷмаи умумии СММ мулоқот оид ба Афғонистон доир мешавад

Сентябрь 17, 2021 11:41

ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар  ҳафтаи сатҳи баланди Маҷмааи умумии СММ мулоқот оид ба  баррасии вазъи Афғонистон доир шавад. Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора дабири кулли ин созмони байналмилалӣ Антониу Гутерриш дар мусоҳиба бо РИА Новости хабар дод.

«Якчанд чорабиниҳои баробар мегузаранд, аммо ҳамааш маҷозӣ  хоҳанд буд. Албатта, мулоқот оид ба Афғонистон ба нақша гирифта шудааст, инчунин доир ба дигар вазъиятҳо низ вохӯриҳо баргузор хоҳанд шуд», -гуфт Гутерриш дар посух ба суоли он ки оё дар тӯли ҳафта дар бораи муноқишаҳои калон, аз ҷумла дар бораи вазъият дар Афғонистон, Сурия ва Либия рӯйдодҳои миқёси баробар дар назар дошта мешаванд ё не.   Аммо дабири кулли СММ кай баргузор шудани чорабинӣ оид ба вазъи Афғонистонро дақиқ нагуфт. Ҳамзамон Гутерриш зикр кард, ки далели он ки ҳамаи ин рӯйдодҳо маҷозӣ хоҳанд буд, иқтидор ва таваҷҷуҳи онҳоро то андозае маҳдуд мекунад. “Охир, вақте ки мо бо як масъалаи мушаххас сарукор дорем, муколамаи одамони наздик метавонад бениҳоят муҳим бошад»- илова намуд ӯ.

Гутерриш ишора кард, ки вай ният дорад бо ҳама сарони давлатҳо ва ҳукуматҳое, ки  вориди Ню –Йорк мешаванд ва инчунин бо бисёр вазирони корҳои хориҷӣ мулоқот кунад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо истинод ба хадамоти матбуоти ин созмони ҷаҳонӣ хабар дод, ҷаласаи 76-уми Маҷмаи умумии  СММ 14 сентябр дар Ню-Йорк ба кори худ оғоз кард. 21 сентябр ҳафтаи сатҳи баланди иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ оғоз ёфта, то 27 сентябр идома меёбад. Роҳбарони якчанд кишварҳо, сарони давлатҳо ва вазирон барои иштирок дар он ба Ню-Йорк меоянд.

Муҳокимаи умумии сиёсӣ бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 21 то 27 сентябр баргузор мешавад. Одатан онро Бразилия мекушояд ва пас аз он Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун кишваре, ки қароргоҳи СММ дар қаламраваш ҷойгир аст, сухан мегӯяд. Дар нимаи аввали рӯзи баҳсҳо ба ҷуз аз президенти Бразилия Жаир Болсонар ва президенти ИМА Ҷо Байден, ба рӯйхати суханронон президентҳои Литва, Эрон, Туркия, Узбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо шомил шудаанд.

Суханронии президентҳои Фаронса, Туркманистон, Латвия, Лаҳистон ва Хорватия дар нимаи дуюми рӯзи аввал ба нақша гирифта шудааст. Дар рӯйхати баромадкунандагон аниқ карда шудааст, ки кадоме аз сарварон тавассути видео суханронӣ хоҳанд кард: роҳбарони Узбекистон, Эрон, Фаронса, Миср ва Туркманистон дар рӯзи аввал аз ин имконият истифода хоҳанд бурд. Баромади президенти Украина баъд аз нимаи дуюми рӯзи чоршанбеи 22 сентябр ба нақша гирифта шудааст. Президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев 23 сентябр ба таври  видеоӣ суханронӣ хоҳанд кард. Баромади роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия рӯзи шанбеи 25 сентябр ба нақша гирифта шудааст. Хадамоти матбуоти СММ инчунин гуфт, ки рӯйхати баромадкунандагон, чун қоида, пайваста иваз карда мешавад.

Дар мавриди рӯзнома метавон гуфт, ки пас аз рӯйдодҳои моҳи август, мавзӯи калидии сиёсӣ вазъи Афғонистон аст. Ҳаракати “Толибон” *, ки қудратро дар кишвар ба даст овардааст, кӯшиш мекунад, ки тартиботро барқарор карда, кори ниҳодҳои давлатӣ ва иқтисодро оғоз кунад. Аммо вазъи башардӯстона дар кишвар мушкил аст ва дурнамои норӯшани эътирофи байналмилалии мақомоти нав вазъиятро печидатар месозад. СММ чӣ нақше мебозад, ин мавзӯъ барои баҳс аст. Дар ҳамин ҳол, Дабири кулли созмони ҷаҳонӣ Антонио Гутерриш таҳти сарпарастии конференсияи донорҳо дар Женева ҷамъоварии тақрибан 600 миллион долларро барои кумак ба аҳолии Афғонистон ба роҳ монд.

                        АКС: © РИА Новости / Алексей Маишев

Сентябрь 17, 2021 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид