Дар доираи амалиёти «Корд» 36 адад корду кастет ва дубинка мусодира гардид
ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 26 сенятбр дар кӯчаю хиёбон, минтақаҳои хизматӣ ва мавзеъҳои ҷамъиятии пойтахт аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатблут миёни ҷавонон марҳилаи навбатии амалиёти «Корд» доир шуд, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Дар ин марҳила 36 нафар ҷавонону ноболиғоне муайян карда шуданд, ки бо худ корду кастет ва дигар намуд ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашаванда доштанд. Аз инҳо 17 нафарашонро ноболиғон ва 19 нафари дигарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Аз онҳо дар маҷмӯъ 26 адад кордҳои гуногунтамға, 6 адад кастет ва 4 адад чӯбдаст (дубинка) дарёфту мусодира карда шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба 6 нафар ҳабси маъмурӣ ба муҳлатҳои аз 7 то 10-шабонарӯзӣ, нисбат ба волидайни ноболиғон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90-и КҲМ ҶТ ва нисбат ба нафарони дигар бо қарорҳои Суд ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе давоми 3 соли охир бо баргузор намудани амалиёти шартии «Корд» ба он муваффақ гардид, ки дар ҳудуди пойтахт содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифода аз силоҳи сард нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст.
АКС аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






