Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 13.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) оғоз шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба котиботи СҲШ хабар медиҳад.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ масъалаҳои омодагӣ ба саммити ҷашнии дарпешистодаи СҲШ, ки 16-17 сентябр дар Душанбе доир мешавад ва лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои имзо ба сарони давлатҳо пешниҳод мешаванд, баррасӣ мегарданд. Ҳамчунин масъалаҳои фаъолияти ҷории Созмон муҳокима карда мешаванд.
Вохӯрӣ то 15 сентябр идома меёбад.
ШҲМ фаъолияти умумии СҲШ-ро ҳамоҳанг менамояд.
Раисиро Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ, ки 10 ноябри соли 2020 баргузор шуд, ба уҳда гирифт.
Раёсати Тоҷикистон ба бистумин солгарди созмон рост омад ва он таҳти шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ» баргузор мешавад.
АКС аз котиботи СҲШ









COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






