Дар Фестивали тобистонаи «Dushanbe summer Fest 2021» се ситораи эстрадаи Шарқ ҳунарнамоӣ менамоянд

Сентябрь 17, 2021 11:36

ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ  «Ховар»/.  Се ситораи эстрадаи Шарқ — Юлдуз Усмонова, Арон Афшор ва Ҳамид Ҳирод дар Фестивали анъанавии тобистонаи «Dushanbe summer Fest», ки 25-26 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон  баргузор мешавад, ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, фестивал имсол бори сеюм аст, ки гузаронида  мешавад. 

Консерт дар “Наврӯзгоҳ» -и пойтахт баргузор мешавад ва дар он ба ҷуз аз ситораҳои эстрадаи ватанӣ меҳмонони даъватшуда низ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ҳамин тариқ, консерти ҳунарманди узбек Юлдуз Усмонова аллакай ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, Арон Афшор, Ҳамид Ҳирод ва бисёр дигар овозхонон, навозандагон ва гурӯҳҳои эҷодӣ дар фестивали “Dushanbe summer Fest 2021” суруд мехонанд.

Фестивал дар доираи эълон гардидани Душанбе ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои узви СҲШ — 2020-2021 ва пойтахти фарҳангии ИДМ-2021 баргузор мешавад. Он ба 30 -юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омадааст.

Ёдовар мешавем, ки аввалин фестивали тобистона дар пойтахт 18-19 августи соли 2018 баргузор шуда буд. Ва дуюмини он моҳи августи соли 2019 доир гардид. Соли 2020 Фестивали  тобистонаи «Dushanbe Summer Fest» бинобар пандемияи коронавирус лағв карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2021 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд