Дар Хатлон таҳти унвони «Тантанаҳои Истиқлол» барномаи идонаи ҳизбиён гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар саҳни Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Тантанаҳои Истиқлол” барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид. Барномаи мазкур давоми мантиқӣ ва ё ҷамъбасти барномаҳои тантанавиест, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зери унвони “Даҳаи тантанаҳо” аз ҷониби сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардида истодаанд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Қабл аз шурӯи барномаи бошукӯҳ намоиши ҳунарҳои дастӣ, аз ҷумла маҳсули ҳунари бонувон аз тамоми гӯшаву канори вилоят манзури иштирокдорон гардонида шуд. Дар қисми асосии чорабинӣ Раиси вилояти Хатлон, узви Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, роҳбарони сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, аъзои фаъоли ҳизб ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ҳамчунин санъаткорони шинохтаи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо навоварию ташаббускорӣ ва созандагию бунёдкорӣ мутаносибан дар сатҳи ҷумҳурӣ пешсаф буда, дар самти ободонии маҳалу деҳот – ташкили ҳашарҳои сохтмонию таъмири мактабу боғчаҳо, сангфаршкунию мумфаршкунии роҳҳои байни деҳот, ниҳолшинонӣ, тозакунии атроф ва оромгоҳҳо, навсозии иншооти тандурустӣ, муқовимат ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, дастгирии шахсони ниёзманду барҷомонда ва ғайра фаъол мебошанд.
Роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдомҳои наҷибу созанда рӯи кор оварда, дар самти эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Маҳз ба ҳамин хотир аз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ гурӯҳи фейсбукӣ таҳти унвони “Маҳсулоти ҳунармандӣ” таъсис дода шудааст, ки василаи муфиди тарғиби молу маҳсулоти ҳунармандон мебошад.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон миёни сокинони вилоят бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ якчанд озмунҳои вилоятӣ ташкил намуда буд, ки ҷамъбасти онҳо ба ҳамин рӯз рост омад. Озмунҳо аз рӯи номинаҳои “Беҳтарин маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, якҷо бо утоқи раиси маҳалла (деҳот)”, “Меҳмонхонаи беҳтарин дар манзили истиқоматӣ”, “Ташкилоти ибтидоии сол дар деҳот”, “Беҳтарин иншооти гигиенӣ”, “Беҳтарин кӯча (деҳа) ва хонаи тоза” доир гардиданд.
Дар фазои тантанавӣ ба ғолибон мукофотҳои кумитаи тадорукот супорида шуданд. Ҳамчунин якчанд нафар фаъолон барои саҳми арзанда ва муносиб гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ бо Ифтихорномаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






