Дар масири Душанбе-Дарвоз-Хоруғ-Ишкошим-Рӯшон-Душанбе хатсайри нави сайёҳӣ ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири Душанбе-Дарвоз-Хоруғ-Ишкошим-Рӯшон-Душанбе аз 18 то 21 сентябр хатсайри нави сайёҳӣ ба роҳ мемонад.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи хатсайри нави сайёҳӣ муаррифии зарфияти сайёҳии кишвар мебошад.
Интизор меравад, ки иштирокчиёни хатсайри нави сайёҳӣ дар масири Душанбе-Дарвоз-Хоруғ-Ишкошим-Рӯшон-Душанбе дар баробари тамошои ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва мавзеъҳои табиии Бадахшон, назири қалъаҳои «Қаҳқаҳа», «Ямчун», «Вамар» ва чашмаҳои шифобахши «Гармчашма» ва «Авҷ», инчунин дар конфронси миллии сайёҳӣ, ки дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ – омили рушди иқтисодии кишвар» дар ноҳияи Ишкошим доир мегардад, иштирок намоянд.
Иштирокдорон ҳамзамон бо имконоти сайёҳию саноатии ноҳияи Дарвоз шинос мешаванд.
Акс аз АМИТ «Ховар»








Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад






