Дар Нур-Султон иҷлосияи Шӯрои ҳамоҳангсози прокурорҳои генералии кишварҳои узви ИДМ доир гардид
ДУШАНБЕ,24.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, 23 сентябр дар шаҳри Нур-Султон иҷлосияи 31-уми Шӯрои ҳамоҳангсози прокурорҳои генералии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид. Раёсати онро прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Ғизат Нурдаулетов бар уҳда дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Дар кори Шӯро ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, инчунин ҳайатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Узбекистон ва намояндагони Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо иштирок карданд.Дар иҷлосия аз номи Кумитаи иҷроияи ИДМ мушовири департаменти ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо мушкилот ва таҳдидҳои нав Игор Малашевич ширкат варзид.
Шӯро 15 масъала, аз ҷумла масъалаҳои ташкилиро баррасӣ кард. Аз ҷумла, Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов раиси Шӯрои ҳамоҳангсози прокурорҳои генералӣ барои соли оянда ва Владимир Зимин ба сифати котиби иҷроия (барои се сол) интихоб шуданд.
Дар мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба табодули иттилоот дар бораи таҷрибаи кордода шуд ва доир ба ин мавзӯъ прокурорҳои генералӣ маърӯза намуданд. Бо қарори Шӯро маълумоти маърузачиён дар амал ба назар гирифта мешавад.Шӯрои ҳамоҳангсози Прокуратураи генералӣ якчанд маводи таҳлилӣ, аз ҷумла оид ба вазъи ҷинояткорӣ, амалияи татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, амалияи фаъолият ва чораҳои беҳтар намудани ҳамкории прокурорҳо дар мубориза бо коррупсия, дар бораи вазъи қонуният дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғонро маъқул донист.
Шӯро инчунин маълумотро дар бораи татбиқи Барномаи байнидавлатии чораҳои муштарак оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023 дар соли 2020 ва Барномаи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти хушунатомези экстремизм барои солҳои 2020-2022-ро баррасӣ кард. Онҳо ҳамчунин натиҷаи иҷрои барномаҳои мубориза бо ҷиноятҳои бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ содиршуда ва ҳамкорӣ дар таҳкими амнияти сарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Қарор аст ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ моҳи июни соли 2022 дар Минск баргузор шавад.
АКСаз Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






