Дар Нур-Султон иҷлосияи Шӯрои ҳамоҳангсози прокурорҳои генералии кишварҳои узви ИДМ доир гардид

Сентябрь 24, 2021 11:24

ДУШАНБЕ,24.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, 23 сентябр дар шаҳри Нур-Султон иҷлосияи 31-уми Шӯрои ҳамоҳангсози прокурорҳои генералии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид. Раёсати онро прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Ғизат Нурдаулетов бар уҳда дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Дар кори Шӯро ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, инчунин ҳайатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Узбекистон ва намояндагони Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо иштирок карданд.Дар иҷлосия аз номи Кумитаи иҷроияи ИДМ мушовири департаменти  ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо мушкилот ва таҳдидҳои нав Игор Малашевич ширкат варзид.

Шӯро 15 масъала, аз ҷумла масъалаҳои ташкилиро баррасӣ кард. Аз ҷумла, Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов раиси Шӯрои ҳамоҳангсози прокурорҳои генералӣ барои соли оянда ва Владимир Зимин ба сифати котиби иҷроия (барои се сол) интихоб шуданд.

Дар мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба табодули иттилоот дар бораи таҷрибаи кордода шуд ва доир ба ин мавзӯъ прокурорҳои генералӣ маърӯза намуданд. Бо қарори Шӯро маълумоти маърузачиён дар амал ба назар гирифта мешавад.Шӯрои ҳамоҳангсози Прокуратураи генералӣ якчанд маводи таҳлилӣ, аз ҷумла оид ба вазъи ҷинояткорӣ, амалияи татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, амалияи фаъолият ва чораҳои беҳтар намудани ҳамкории прокурорҳо дар мубориза бо коррупсия, дар бораи вазъи қонуният дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғонро маъқул донист.

Шӯро инчунин маълумотро дар бораи татбиқи Барномаи байнидавлатии чораҳои муштарак оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023 дар соли 2020 ва Барномаи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти хушунатомези экстремизм барои солҳои 2020-2022-ро баррасӣ кард. Онҳо ҳамчунин натиҷаи иҷрои барномаҳои мубориза бо ҷиноятҳои бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ содиршуда ва ҳамкорӣ дар таҳкими амнияти сарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Қарор аст ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ моҳи июни соли 2022 дар Минск баргузор шавад.

АКСаз Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ

Сентябрь 24, 2021 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд