Дар пойтахти Тоҷикистон иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД баргузор мешавад

Сентябрь 13, 2021 08:11

ДУШАНБЕ, 13.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Дар иҷлосия Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дабири кулли СПАД Станислав Зас иштирок мекунанд.

Сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмон дар давраи байниҷаласавӣ мубодилаи афкор хоҳанд кард, инчунин маълумотро дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолият дар давраи раёсати қарибулвуқӯъи СААД дар Ҷумҳурии Арманистон мешунаванд.

Дар поёни иҷлосия қабули Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ва тақрибан понздаҳ қарор дар назар аст.

Дар нишасти Душанбе давраи фаъолияти ниҳодҳои оинномавии СААД дар доираи раёсати Тоҷикистон ба анҷом мерасад.

Акс аз бойгонӣ

Сентябрь 13, 2021 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид