Дастаи «Душанбе-1» ғолиби ҷойи аввали Мусобиқаи ҷумҳуриявии шиноварӣ гардид

Сентябрь 28, 2021 09:18

ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд миёни варзишгарони шаҳру ноҳияҳои кишвар Мусобиқаи ҷумҳуриявии шиноварӣ  баргузор гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи шиноварии  Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

          Дар мусобиқаи мазкур беш аз 50 нафар варзишгарон аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд иштирок намуда, дар намудҳои гуногун миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар натиҷа ҷои аввал насиби дастаи «Душанбе-1», ҷои дуюм насиби «Душанбе-2»  ва ҷои сеюм насиби дастаи «Суғд» гардид. Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Сентябрь 28, 2021 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст