Доираҳои тиҷоратии Покистон ҷиҳати иштирок дар Форуми сармоягузорӣ ба Душанбе меоянд

Сентябрь 14, 2021 10:08

ДУШАНБЕ, 14.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар доираи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  16 сентябр ҳайати 70-нафараи доираҳои тиҷоратии Покистон ҷиҳати иштирок дар Форуми соҳибкории Тоҷикистону  Покистон  ва ҷаласаи Шӯрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Покистон ба Тоҷикистон оянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ миёни ду давлат аз ҳадафҳои асосии  Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон арзёбӣ мегардад.

Интизор меравад, ки дар Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон сарвазирони Тоҷикистон ва Покистон иштирок  ва сухан хоҳанд кард. Дар Форум имконияти сармоягузории Тоҷикистон ва Покистон муаррифӣ  гардида, соҳибкорони ҳарду давлат дар шакли  соҳибкор бо соҳибкор (В2В)  мулоқот хоҳанд  кард. Ҳамзамон ба имзорасонии санадҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар доираи Форуми сармоягузорӣ дар назар аст.

  Акс аз АМИТ «Ховар»

Сентябрь 14, 2021 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст