«Хизмат ба Ватан шараф аст». Таҳти чунин унвон дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии хизматчиёни ҳарбӣ доир гардид

Сентябрь 2, 2021 15:34

ДУШАНБЕ, 02.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратии мамлакат бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявии хизматчиёни ҳарбӣ доир гардид, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон  ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мебошад, иттилоъ доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Дар форуми мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода сухан гуфта, саҳми хизматчиёни ҳарбиро дар таҳкими сулҳу суботи сартосарӣ дар даврони соҳибистиқлолии давлат баланд арзёбӣ намуд.

Мавсуф зикр намуд, ки бо ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, айни замон Артиши миллӣ қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми кишварамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба савганди ҳарбӣ нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои истиқлол, пойдории сулҳу субот ва сохтори конститутсионӣ, омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷони худро дар роҳи Ватан нисор кардан тайёр буданашонро исбот кардаанд

Ҳамчунин дар кори Форум аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳо, афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.

Зикр гардид, ки барои насли ояндасози мамлакат хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Хизмат кардан ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар, барои некӯаҳволии фарзандон ва ободии рӯзгори худи инсон аст.

Дар ҷамъбаст ба якчанд нафар иштирокчиёни фаъоли форум аз ҷониби раиси Кумита сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш супорида шуд.

АКС аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ

Сентябрь 2, 2021 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид