ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА 30 СОЛИ САМАРАБОРИ ОН. Андешаҳои муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нурулло Маҳмадуллозода дар ин хусус

Сентябрь 9, 2021 08:53

ДУШАНБЕ, 09.09.2021 /АМИТ«Ховар/.  Соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чун дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша зери таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, яке аз соҳаҳои калидӣ маҳсуб меёбад ва дар амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддат саҳми арзанда дорад. Вобаста ба дастовардҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат дар 30 соли соҳибистиқлолӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо   муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло МАҲМАДУЛЛОЗОДА  ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  ҷиҳати фароҳам овардани меъёрҳои ҳуқуқии соҳа кадом тадбирҳо амалӣ гардиданд?

Н. Маҳмадуллозода: Дар марҳилаи аввали Истиқлолияти давлатӣ  ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа якчанд қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва созишномаҳои байнидавлатию ҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷӣ таҳия ва қабул гардиданд. Аз ҷумла, қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин қонунҳои танзимкунандаи муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Дар заминаи ин қонунҳо барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидаанд, ки ба рушди минбаъдаи соҳаҳои вазорат замина гузоштанд.

Ҳамчунин бо мақсади тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ин давра зиёда аз 40 санади байнидавлатию байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба тасвиб расидаанд. Ҳамчунин аз ҷониби Тоҷикистон 51 конвенсияҳо ва 22 тавсияҳои ТБМ эътироф шудаанд. Дар ин замина соли 1997 нахуст Кодекси меҳнати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид, ки он ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат буда, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланд гирифт.

АМИТ «Ховар»: Маоши баланд омилест, ки ба сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат таъсири мусбат мегузорад. Дар ин самт дар 30 соли соҳибистиқлолӣ кадом фармону қарорҳо амалӣ гардид?

Н. Маҳмадуллозода: Дар ин давра 41 маротиба бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши вазифавии кормандони буҷетӣ зиёд карда шуд, ки ин омил ба сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат таъсири мусбат гузошт. Аз ҷумла, дар давраи аз соли 1995 то 1 январи соли 2021 музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ аз 0,92 сомонӣ то 1393,7 сомонӣ зиёд шудааст. Ҳадди ақалли музди меҳнат, ки  соли 1998-ум 1 сомониро ташкил медод,  ҳоло ба 400 сомонӣ расидааст. Даромади пулии аҳолӣ аз 185,1 миллион сомонии соли 1996 дар соли 2019 ба 47 986,3 миллион сомонӣ расид. Даромади миёна ба ҳар сари аҳолӣ аз 7,25 сомонӣ дар соли 1998 ба 425,46 сомонӣ дар соли 2019 афзоиш ёфт. Хароҷот ва пасандозҳои аҳолӣ аз 175,1 миллион сомонӣ дар соли 1996 ба 48 857,2 миллион сомонӣ дар соли 2019 афзуда, хароҷоти истеъмолӣ ба як узви хонавода дар як моҳ аз 6,23 то 366,38 сомонӣ зиёд гардид.

АМИТ «Ховар»:  Бо мақсади ба танзим даровардани бозори меҳнат ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом тадбирҳо андешида шудаанд?

Н. Маҳмадуллозода:  Дар ин давра зиёда аз 15 барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ қабул ва амалӣ гардиданд, ки маҷмӯан давоми солҳои 1991 — 2020 барои таъмини чорабиниҳои ин барномаҳо зиёда аз 178 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Дар асоси шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилот давоми ин муддат 288,8 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 256,4 ҳазор нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд.  Ба 307,9 ҳазор нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор кумакпулӣ барои давраи  бекорӣ пардохт гардид.

Бояд гуфт, ки ташкили ҷойҳои нави корӣ омили асосии бокортаъминкунии бекорон  ба ҳисоб меравад. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ зиёда аз 4 млн 800 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуда, тавассути татбиқи чорабиниҳои барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ 851,3 ҳазор нафар, аз ҷумла, ба воситаи  ҷалб намудан ба корҳои фардӣ 58,7 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

АМИТ «Ховар»: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бобати истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат кадом корҳоро ба сомон расонид?

Н. Маҳмадуллозода:  Бобати истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар дохилу хориҷи мамлакат ва таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа вазорат бо якчанд давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид. Санадҳои мазкур ба тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд. Дар натиҷаи танзими самараноки бозори меҳнат ва рушди соҳаҳои истеҳсолӣ вазъи бокортаъминкунии шаҳрвандон дар дохили кишвар муътадил гардида, раванди муҳоҷирати шаҳрвандони кишварамон ба хориҷа дар солҳои охир нисбат ба соли 2013 ба андоза 33,7 фоиз кам гардид.

Ҳамзамон бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ тақвият ёфта, он барои ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ, тақсимоти баробари қувваи корӣ ва рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуд.

Дар ин муддат бо қарорҳои ҳукумати кишвар 11 890 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва 9 060 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ ба мавзеъҳои нави зист кӯчонида шуда, бо қитъаи замин барои сохтмони хонаи истқоматӣ, қарзҳои имтиёзнок ва кумакҳои моддӣ таъмин карда шуданд.

АМИТ «Ховар»: Ба зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи бештар равона гардид. Мегуфтед, ки Вазорат дар ин самт чӣ тадбирҳои муассир андешид?

Н. Маҳмадуллозода: Таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои баланд бардоштани иқтидори захираҳои инсонӣ ва соҳибкасб намудани шаҳрвандон саҳми босазо мегузорад. Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ 62 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо 1773 нафар омӯзгорон ва 1028 нафар устои таълими истеҳсолӣ аз рӯи 14 самт ва 97 ихтисос барои иқтисодиёти миллӣ кадрҳои коргарӣ тайёр  намуданд. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро дар 7 соли охир 87 ҳазору 577 нафар хонандагон аз рӯи 97 ихтисос хатм намуданд, ки 22 ҳазору 613 нафари онҳо духтарон мебошанд. Инчунин тавассути курсҳои кутоҳмуддат 66 ҳазору 298 нафар (21813 духтар) шаҳрвандони кишвар аз рӯи 57 ихтисос ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳибкасб гардиданд.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 бармеоянд, бо мақсади дар муддати панҷ соли оянда соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони синни 18 Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025  таҳия ва қабул карда шуд.

Инчунин бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳаи ҳунармандӣ Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардида, дар заминаи 45 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир ташкил карда шудаанд.

Бо чунин маром дар 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ташкил ва заминаҳои моддию техникӣ ва неруи кадрии он такмил ёфт, ки барои босамар таъмин намудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд.

 Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АКС аз АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2021 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Риёз дар чорабинии канорӣ оид ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия иштирок намуд
Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба анҷом расид
Дар шаҳри Риёз ҳамоиши доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид