Бо масъулони соҳаи молия ва андоз дар шаҳри Бохтар ҷаласа баргузор шуд

Декабрь 6, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 06.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр дар шаҳри Бохтар бо масъулони соҳаи молия ва андоз ҷаласаи корӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

Дар ҷаласа роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, сардорони мақомоти молия, андоз, хариди давлатӣ ва шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Масъалаҳои таъмини иҷрои пурраи нишондиҳандаҳои асосии буҷетӣ, пешгирӣ аз камбудиҳо дар раванди ҳисоббаробаркунии музди меҳнат, иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз, мушкилиҳои мавҷуда ва роҳҳои бартарафсозии онҳо ва истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ дар шароити зимистон баррасӣ гардиданд.

Инчунин дигар паҳлуҳои фаъолияти мақомоти молия ва андоз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, оид ба иҷрои нақшаву чорабиниҳо, барномаҳои давлатӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои молиявӣ аз ҷониби масъулин вазифагузорӣ карда шуд.

АКС: Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Декабрь 6, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд