Доир ба Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг баргузор шуд

Декабрь 4, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 9 декабр дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, имрӯз дар Вазорати саноат ва техналогияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба баргузории ин форум бо иштироки рӯзноманигорон брифинг доир шуд.

Иброз гардид, ки мақсади форум муаррифии иқтидори захираҳои маъдании Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, намоиши доираи васеи захираҳои мавҷуда, аз ҷумла металлҳои ранга, маъданҳои муҳим ва муайян кардани лоиҳаҳо ва имконоти умедбахши сармоягузорӣ мебошад.

Дар назар аст дар форум беш аз 20 ширкати пешбари соҳаи  маъдани кӯҳӣ аз Тоҷикистон ва зиёда аз 200 нафар сармоягузорон, истеҳсолкунандагони таҷҳизот, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони муассисаҳои молиявӣ иштирок намоянд.

«Иштироки онҳо дар форум омили муҳим барои табодули таҷриба, нишон додани таҷрибаи пешқадам ва густариши ҳамкории байналмилалӣ хоҳад буд», – баён гардид дар брифинг.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи форум ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мубоҳисавӣ, маърузаҳои коршиносон, вохӯриҳои B2B ва машваратҳо оид ба таъсиси корхонаҳои муштарак баргузор мегарданд.

Форум ба муколамаи  мустақим байни намояндагони тиҷорат, сармоягузорон ва мақомоти давлатӣ мусоидат намуда,  корҳои омодагӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаи маъдан суръат мебахшад.

Дар форум таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи стандартҳои муосири байналмилалии гузоришдиҳии геологӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, рақамикунонии равандҳо ва такмили механизмҳои иҷозатномадиҳии соҳа равона карда мешавад.

Форум барои намояндагони бахши давлатӣ, тиҷорати хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ ҳамчун платформаи калидӣ ба муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди саноати кӯҳкории мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки форум таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти дахлдори давлатӣ ва ширкатҳои пешбари саноатӣ ташкил карда мешавад.

Форуми якуми сармоягузории соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, ки соли 2024 баргузор шуд, аввалин чорабинии пешбар дар соҳаи истихроҷи маъдан ва металлургия гардид. Чунин чорабиниҳо барои табодули афкор ва таҷрибаи касбии коршиносони соҳа, баррасии дурнамои инкишофи бозори маъдани кӯҳӣ ва металлургии мамлакат, навигариҳои соҳаи техникаю технологияи истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок заминаи муассир фароҳам меоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 4, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад