Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми ҷаҳонӣ оид ба истифодаи маълумот барои таҳкими чораҳои зиддикоррупсионӣ иштирок намуд

Декабрь 5, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 2 то 4 декабр дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  Конфронси дуюми ҷаҳонӣ оид ба истифодаи маълумот барои таҳкими чораҳои зиддикоррупсионӣ доир шуд, ки дар кори он ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки конфронс аз ҷониби Раёсати Созмони милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар ҳамбастагӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Академияи байналмилалии зиддикоррупсионӣ гузаронида шуд. Дар конфронс намояндагони беш аз 100 давлати дунё иштирок намуданд.

Ҳадафи ҳамоиш ба ҳам овардани коршиносон ва намояндагони давлатҳо, ташкилоти байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои табодули донишу таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва беҳтар намудани механизми ченаки дарки коррупсия арзёбӣ гардид.

Конфронс ба таҳким бахшидани муносибатҳои байналмилалӣ ва муайян намудани чораҳои муосири мубориза бар зидди коррупсия равона гардид. Зимин он ҳайати мамлакат дар мавриди натиҷаҳои дар самти муқовимат ба коррупсия ноилгаштаи Тоҷикистон маъруза намуд.

Натиҷаҳои чунин ҳамоишҳо барои мустаҳкам кардани робитаҳои байналмилалӣ ва беҳтар намудани фаъолияти мақомоти дахдор заминаи мусоид фароҳам меоранд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 5, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд