Лавров: муҳимтарин чиз барои Русия таъмини амният дар Осиёи Марказист
ДУШАНБЕ, 02.09.2021 /АМИТ«Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров 1 сентябр дар назди донишҷӯён ва устодони МГИМО суханронӣ карда, дар бораи кори муштарак барои ҳалли вазъ дар Афғонистон сухан ронд, менависад Sputnik.
Вай зикр намуд, ки Русия бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории зич мекунад. Лавров афзуд, ки пас аз хуруҷи неруҳои ИМА ва СААШ аз Афғонистон муҳимтарин чиз барои Русия- ин таъмини амнияти муттаҳидон, кишварҳои Осиёи Марказист.
Дипломат гуфтааст, ки амнияти марзҳои ҷанубии Русия мустақиман аз ин вобаста аст.
Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт: «Ман умедворам, ки дар якҷоягӣ мо метавонем дар бораи чунин иқдомҳои беруна ба мувофиқа бирасем, ки барои фароҳам овардани шароит дар дохили Афғонистон ва ташаккули раҳбарияти воқеан миллӣ мусоидат кунанд».
Сергей Лавров таъкид кард, ки дар ин самт корҳои муштараки фаъол сурат мегиранд.
ДАР АКС: © Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






