Лавров: муҳимтарин чиз барои Русия таъмини амният дар Осиёи Марказист

Сентябрь 2, 2021 12:01

ДУШАНБЕ, 02.09.2021 /АМИТ«Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров 1 сентябр дар назди донишҷӯён ва устодони МГИМО суханронӣ карда, дар бораи кори муштарак барои ҳалли вазъ дар Афғонистон сухан ронд, менависад Sputnik. 

Вай зикр намуд, ки Русия бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории зич мекунад. Лавров афзуд, ки пас аз хуруҷи неруҳои ИМА ва СААШ аз Афғонистон муҳимтарин чиз барои Русия- ин таъмини амнияти муттаҳидон, кишварҳои Осиёи Марказист.

Дипломат гуфтааст, ки амнияти марзҳои ҷанубии Русия мустақиман аз ин вобаста аст.

Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт: «Ман умедворам, ки дар якҷоягӣ мо метавонем дар бораи чунин иқдомҳои беруна ба мувофиқа бирасем, ки барои фароҳам овардани шароит дар дохили Афғонистон ва ташаккули раҳбарияти воқеан миллӣ мусоидат кунанд».

Сергей Лавров таъкид кард, ки дар ин самт корҳои муштараки фаъол сурат мегиранд.  

ДАР АКС: © Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия

Сентябрь 2, 2021 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд