Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 18.09.2021. /АМИТ “Ховар”/. 18 сентябр дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисиро гусел намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 16 то 18 сентябр бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон аввалин боздиди расмии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ аз кишварҳои хориҷӣ дар ин маснади олӣ мебошад.
Дар доираи сафари расмӣ аз руи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи ду ҷонибро тақвияти бештар мебахшад.
АКС: АМИТ «Ховар»













Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид






