Маҳсулоти нассоҷии ширкатҳои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи шаҳри Москва муаррифӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21то 24 сентябр дар павилонҳои №55 ва 57-и Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи шаҳри Москва ярмаркаи 56-уми федералии яклухти молу таҷҳизоти нассоҷӣ ва саноати сабуки «Текстиллегпром» баргузор мегардад.Дар ярмаркаи мазкур зиёда аз 350 ширкат аз 28 минтақаи Русия ва 20 давлати ҷаҳон: Италия, Олмон, Туркия, Ҳиндустон, Беларус, Лаҳистон, Тоҷикистон ва Узбекистон иштрок намуда, молу маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд, иттилоъ доданд ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ 10 ширкати ватанӣ: ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «КоТа Глобал», ҶДММ «Меҳровари Қурғонтеппа», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Ноҳид», ҶДММ «Ортекс», СИ «Раҳматов», СИ «Раҳматов», ҶДММ «ТоҷТекс» ва ҶДММ «Ваҳдат Текстайл» намояндагӣ намуда, маҳсулоти худ- ҷинсҳои мардонаву занона, либоси варзишӣ, либоси кории махсус, либоси низомӣ, либосҳои мардонаву занона, таҳпӯшҳои мардонаву кӯдакона, маҳсулоти кешбофӣ, ҷӯроб ва ресмони пахтагинро ба намоиш мегузоранд.
АКС аз ярмаркаи федералии яклухти «Текстиллегпром»








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






