Миёни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии «Associated Press of Pakistan» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид

Сентябрь 18, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 17.09.2021 / АМИТ «Ховар» /. Тавре қаблан хабар додем, дирӯз дар Қасри миллат дар шаҳри Душанбе, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон Имрон Хон, дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат, чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Аз ҷумла, миёни Агентии миллии иттилоотии “Ховар”- и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии иттилоотии Ҷумҳурии Исломии Покистон «Associated Press of Pakistan» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санадро Директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар имзо карданд.

Ёдовар мешавем, ки «Associated Press of Pakistan» (АРР) агентии давлатии миллии иттилоотии Покистон аст. Ин агентии иттилоотӣ бо 37 агентиҳои иттилоотии хориҷӣ (АМИТ “Ховар” 38-ум шуд) созишномаи мубодилаи ахбор дорад дорои  зиёда аз 500 хабарнигор мебошад.

«Associated Press of Pakistan» ҳамчун агентии миллии иттилоотии Покистон ахбори дохилӣ ва байналмилалиро ҷамъоварӣ намуда,  ба садҳо рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои радио ва телевизион, муассисаҳои давлатии Покистон ва расонаҳои хориҷӣ паҳн мекунад. Арзиши обуна ба APP бо назардошти эътимоднокӣ ва мундариҷаи сифатан баланди маводҳояш нисбат ба дигар агентиҳои иттилоотии Покистон гаронтар аст. Бисёре аз рӯзномаҳои Покистон мекӯшанд ба хидматҳои он обуна шаванд. Ба қатори муштариёни маъруфи он ин рӯзномаҳо шомиланд: Dawn, Pakistan Times, Frontier Post, The Stateman, The Nation, The International International, Recorder Business, The Observer, The Post, and Nawa-i-Wakt, Jang, Khabrain, Daily Express. ), The Express Tribune ва баъзе рӯзномаҳои дигари миллӣ, ки  бо забонҳои англисӣ ва урду нашр мешаванд.

Ҳамчун як ниҳоди давлатӣ, дар баробари инъикоси соҳаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва бахшҳои иқтисоди миллӣ, фаъолияти APP асосан ба нашри хабаврҳои расмии давлатию ҳукуматӣ нигаронида шудааст.

APP фаъолият ва изҳороти ходимони давлатиро муфассал инъикос менамояд. Рӯзномаҳо, радио ва телевизионҳои давлатӣ ҳангоми пахшу нашри  хабарҳои расмӣ бештар ба APP такя мекунанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ “Ховар”

Сентябрь 18, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон