Миёни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии «Associated Press of Pakistan» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 17.09.2021 / АМИТ «Ховар» /. Тавре қаблан хабар додем, дирӯз дар Қасри миллат дар шаҳри Душанбе, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон Имрон Хон, дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат, чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Аз ҷумла, миёни Агентии миллии иттилоотии “Ховар”- и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии иттилоотии Ҷумҳурии Исломии Покистон «Associated Press of Pakistan» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санадро Директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар имзо карданд.
Ёдовар мешавем, ки «Associated Press of Pakistan» (АРР) агентии давлатии миллии иттилоотии Покистон аст. Ин агентии иттилоотӣ бо 37 агентиҳои иттилоотии хориҷӣ (АМИТ “Ховар” 38-ум шуд) созишномаи мубодилаи ахбор дорад дорои зиёда аз 500 хабарнигор мебошад.
«Associated Press of Pakistan» ҳамчун агентии миллии иттилоотии Покистон ахбори дохилӣ ва байналмилалиро ҷамъоварӣ намуда, ба садҳо рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои радио ва телевизион, муассисаҳои давлатии Покистон ва расонаҳои хориҷӣ паҳн мекунад. Арзиши обуна ба APP бо назардошти эътимоднокӣ ва мундариҷаи сифатан баланди маводҳояш нисбат ба дигар агентиҳои иттилоотии Покистон гаронтар аст. Бисёре аз рӯзномаҳои Покистон мекӯшанд ба хидматҳои он обуна шаванд. Ба қатори муштариёни маъруфи он ин рӯзномаҳо шомиланд: Dawn, Pakistan Times, Frontier Post, The Stateman, The Nation, The International International, Recorder Business, The Observer, The Post, and Nawa-i-Wakt, Jang, Khabrain, Daily Express. ), The Express Tribune ва баъзе рӯзномаҳои дигари миллӣ, ки бо забонҳои англисӣ ва урду нашр мешаванд.
Ҳамчун як ниҳоди давлатӣ, дар баробари инъикоси соҳаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва бахшҳои иқтисоди миллӣ, фаъолияти APP асосан ба нашри хабаврҳои расмии давлатию ҳукуматӣ нигаронида шудааст.
APP фаъолият ва изҳороти ходимони давлатиро муфассал инъикос менамояд. Рӯзномаҳо, радио ва телевизионҳои давлатӣ ҳангоми пахшу нашри хабарҳои расмӣ бештар ба APP такя мекунанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ “Ховар”









Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






