Нақшаи эмгузаронӣ бар зидди бемории COVID-19 дар Душанбе 91,7% иҷро гардид

Сентябрь 2, 2021 10:11

ДУШАНБЕ, 02.09.2021 / АМИТ «Ховар»/. Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд ҷараён дошта, то шоми 31 август  2 миллиону 9 ҳазору 748 нафар шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 798 ҳазору 308 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки маъракаи иммунизатсия миёни аҳолии пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе 91,7% иҷро гардидааст.

Мавриди ёдоварист, ки аз давраи хуруҷи бемории коронавируси COVID-19  4 миллиону 760 ҳазору 740 воя ваксина бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ҳифзи аҳолӣ аз гирифторӣ ба бемории болозикр вориди қаламрави кишвар гардонида шуда, иқдомоти амалӣ дар ин самт идома доранд.

Ба ҳолати 31 август 34,5% аҳолӣ ба ваксинатсия зидди бемории коронавирус фаро гирифта шуда, корҳои амалӣ дар ин самт бомаром идома доранд.

Имрӯзҳо сокинони мамлакат бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд ва аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар, хосатан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидди бемории коронавирус сипосгузоранд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Сентябрь 2, 2021 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон