Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар танзими ҷашну маросим ва ташаккули ҳувияти миллӣ назаррас аст

Сентябрь 24, 2021 13:25

ДУШАНБЕ, 24.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. 23 сенятбр бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар танзими ҷашну маросим ва ташаккули ҳуввияти миллӣ» Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Дар конфренсия масъулин ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону маҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён, сархатибони масҷидҳои пойтахт ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки  маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши танзими анъана ва ҷашну маросим сабаб гардид, ки хароҷоти зиёд дар давраи амалкарди қонуни миллӣ, пешгирӣ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ҳимоя карда шавад.

Инчунин зикр гардид, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Сентябрь 24, 2021 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд