Намояндаи доимии Афғонистон дар СММ аз Шӯрои Амният даъват намуд, ки толибонро дар Кобул эътироф накунад

Сентябрь 10, 2021 14:57

ДУШАНБЕ, 10.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Афғонистон дар СММ Ғулом Исакзай дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти  созмони байналмилалӣ бо баёнияе баромад карда, даъват намуд, ки ҳукумати нави ин кишварро то он даме, ки «фарогир нашавад», эътироф накунад. Дар ин бора РИА Новости хабар додааст.

Дар изҳороти худ Исакзай таъкид кард, ки «эътирофи ҳама гуна ҳукуматро дар Афғонистон ба таъхир гузоштан лозим аст, то он даме, ки он воқеан фарогир набошад ва дар асоси раъйи озодонаи мардум ташкил нашавад».

Ёдовар мешавем, ҳаракати “Толибон” (як созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар мамнӯъ аст), ки қаблан дар Афғонистон ба қудрат расида буд, талаб кардааст, ки раҳбарони он аз рӯйхати таҳримии СММ ва ИМА хориҷ карда шаванд.

АКС аз Pixabay

Сентябрь 10, 2021 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад