Оғози сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон ва ифтитоҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон
ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун ва суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Калтачинор меҳмони олиқадрро Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон нахуст бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир дар масоҳати 1841 метри мураббаъ сохта шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.
Корҳои паймонкорию сохтмониро дар бинои маъмурӣ мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафо -1” анҷом додаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ 40 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.
Тамоми ҳуҷраҳои кории бинои нав бо дастгоҳу таҷҳизоти корӣ таъмин буда, барои фаъолияти пурсамари кормандон бисёр созгор аст.
Дар бинои нав ҳамзамон толори маҷлис бо 150 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад, ки барои баргузории чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Ҳуҷраҳои кории шуъбаю бахшҳои дастгоҳу мақомот ва бойгонӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, ҳуҷраҳои кории роҳбарияти ноҳия, дастгоҳи раиси ноҳия ва муовинон бо тамоми лавозимоти корӣ дар ошёнаи дуюм муҷаҳҳаз мебошанд.
Бо ба истифода додани бинои нави маъмурӣ сатҳу сифати корбарӣ беҳтар мегардад.
Дар ҳуҷраҳои корӣ технологияи иттилоотию коммуникатсионии сатҳи муосир васл ва бо мақсади ба роҳ мондани назорати доимӣ дар бинои мақомот камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудаанд.
Саҳни бино дар масоҳати 431 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, бо мақсади ободу зебо нигоҳ доштани атрофи он дар масоҳати 680 метри мураббаъ корҳои сабзазоркунӣ анҷом дода шудаанд.
Инчунин дар атрофи иншоот ниҳолҳои ороишию сояафкан ва қариб 4000 дона гулҳои мавсимӣ шинонида шудаанд.
Бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон дар шафати шоҳроҳ ҷойгир буда, бо тарҳи хос ва дар асоси санъати меъмории миллӣ бунёд шуда, ба ҳусни маркази ноҳия зебоии дигар зам менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми кормандону сокинони ноҳия маънидод карданд.









Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ






