Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 24.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро, ки бо сафари расмӣ дар ин кишвар қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад.
Қосим-Жомарт Тоқаев ҷараёни мусбати ҳамкории Қазоқистон ва Тоҷикистонро, ки устувории олиро дар баробари мушкилоти мавҷуда нишон медиҳад, зикр намуд. Ба ин муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳи сарони давлатҳо ва инчунин фаъолияти ҳамоҳангшудаи ҳукуматҳо мусоидат мекунад.
Қосим-Жомарт Тоқаев созишномаҳои пас аз сафари расмиаш ба Тоҷикистон ба имзорасидаро самти асосии таҳкими ҳамаҷонибаи равобити дуҷониба арзёбӣ намуд.
Президент зикр кард, ки ҳукуматҳои ду кишвар барои амалӣ намудани дастурҳои сарони давлатҳо фаъолона кор мебаранд ва аллакай натиҷаҳои амалӣ ба даст омадаанд.
Қосим-Жомарт Токаев ба Президент Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили босифати нишастҳои ахири СААД ва СҲШ дар Душанбе таманниёти нек ва изҳори сипос намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Қазоқистон








Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






