Президенти собиқи Алҷазоир Абд-ул-Азиз Бутафлиқа дар синни 85 даргузашт
ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти собиқи Алҷазоир Абд-ул-Азиз Бутафлиқа, ки аз соли 1999 то 2019 кишварро роҳбарӣ менамуд, дар синни 85 даргузашт. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора бегоҳи ҷумъаи 17 сентябр шабакаи давлатии телевизиони Алҷазоир TV1 хабар додааст.
«Президенти собиқи Алҷазоир Абд-ул-Азиз Бутафлиқа даргузашт», — иқтибос овардааст изҳороти дафтари раёсати ҷумҳуриро шабакаи телевизионӣ.
Бутафлиқа соли 1999 бо гирифтани 74% овозҳои умумӣ президенти кишвар интихоб гардид. Баъд аз ин, ӯ боз се маротиба ба мақоми сарвари давлат интихоб шуд. Ба ақидаи як гурӯҳ сиёсатшиносон, маҳз ӯ тавонист кишварро аз “даҳсолаи сиёҳ”- даврае, ки дар солҳои 90-ум Алҷазоир ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор шуда буд, берун барорад. Аз ҷумла, дар замони сарварии Бутафлиқа соли 2005 дар раъйпурсии умумихалқӣ Хартияи сулҳ ва ризоияти миллӣ қабул карда шуд, ки дар маҷмуъ, ба муноқишаи хунини дохили кишвар хотима бахшид.
Дар ҳамин ҳол сиёсатмадор солҳои охирини сарварии худ ба мушкилоти ҷиддии саломатӣ дучор шуда, танҳо бо кумаки дигарон дар аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекард. Баъди он ки Бутафлиқа моҳи феврали соли 2019 нияти худро барои бори панҷум номзад шудан эълон кард, дар кишвар эътирозҳои дар миқёси худ бесобиқа оғоз шуданд. Дар ин замина, ӯ аз ширкат дар интихобот даст кашид, аммо намоишҳо идома ёфта, баъдан сабаби буҳрони шадиди сиёсии дохилӣ шуданд. Дар натиҷа, Бутафлиқа 2 апрели соли 2019 истеъфо дод.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир муҳтарам Абд-ул-Маҷид Таббун барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари даргузашти ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абд-ул-Азиз Бутафлиқа сабаби ғояти андӯҳи мо гардид.
Марҳум дар роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкории судманд миёни Тоҷикистон ва Алҷазоир саҳми босазо дошта, бо саъйю талошҳои пайвастааш дар ин ҷода дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд.
Лутфан аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам ба мардуми дӯсти Алҷазоир ҳамдардиву таъзияи самимии ин ҷонибро бирасонед. Ба ҳамаи наздикону пайвандони марҳум матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам».
ДАР АКС: Абд-ул-Азиз Бутафлиқа. АКС: © AP Photo/Sidali Djarboub