Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тарабхонаи «Сайди Хосор»-ро дар ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон тарабхонаи «Сайди Хосор»-ро ба истифода дода, бо имконоти муосири хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Иншооти муосири хизматрасонӣ дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо истифода аз санъати хоси меъмории миллӣ бунёд гардидааст.
Тарабхонаи «Сайди Хосор» аз ду ошёна иборат буда, дар асоси дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бахши хусусӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Насимҷон Сатторов сохта шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2019 оғоз гардида, то 50 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд. Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани он 15 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуда, барои ташкили хизматрасонӣ, баргузории тӯйю маъракаҳои хурсандии сокинон ва дигар чорабиниҳо имкони хуб муҳайё гардидааст.
Дар тарабхона ба мизоҷон асосан хӯрокҳои миллӣ ва замонавӣ аз сайдҳои гуногун омода ва пешниҳод гардида, дар он имкони хизматрасонӣ ба 200 нафар дар як вақт мавҷуд мебошад. Намои дохилӣ ва берунии иншоот бо шаклу унсурҳои хоси миллӣ ва муосир оро ёфта, ба маркази ноҳия зебоии хосса зам менамояд.
Тарабхона дар соҳили дарёи «Талхак», яке аз мавзеъҳои зебоманзари ноҳия ҷойгир буда, таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ бештар ҷалб месозад.
Ноҳияи Балҷувон дорои мавзеъҳои зиёди таърихию сайёҳӣ мебошад ва ба истифода додани чунин иншоот ба манфиат буда, дар самти муаррифии меҳмондории хоси тоҷикона ва санъати меъмории миллӣ ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ мусоидати зиёд мекунад.
Ба таъкиди масъулон, мавриди истифода қарор гирифтани иншооти хизматрасонии «Сайди Хосор» дар рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳии ноҳияи Балҷувон, такмили низоми хизматрасонӣ ва дар ин асос барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилию хориҷӣ замина мегузорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти нави хизматрасонӣ барои сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ иқдоми соҳибкори ватаниро шоёни таҳсин хонда, ба масъулон ҷиҳати рушди соҳаи туризм ва фароҳамсозии инфрасохтори боз ҳам беҳтар дар ин гӯшаи зебоманзари мамлакат дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






