Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тарабхонаи «Сайди Хосор»-ро дар ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 23, 2021 10:05

ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон тарабхонаи «Сайди Хосор»-ро ба истифода дода, бо имконоти муосири хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Иншооти муосири хизматрасонӣ дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо истифода аз санъати хоси меъмории миллӣ бунёд гардидааст.

Тарабхонаи «Сайди Хосор» аз ду ошёна иборат буда, дар асоси дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бахши хусусӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Насимҷон Сатторов  сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2019 оғоз гардида, то 50  нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд.  Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани он 15 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуда, барои ташкили хизматрасонӣ, баргузории тӯйю маъракаҳои хурсандии сокинон ва дигар чорабиниҳо имкони хуб муҳайё гардидааст.

Дар тарабхона ба мизоҷон асосан хӯрокҳои миллӣ ва замонавӣ аз сайдҳои гуногун омода ва пешниҳод гардида, дар он имкони хизматрасонӣ ба 200 нафар дар як вақт мавҷуд мебошад. Намои дохилӣ ва берунии иншоот бо шаклу унсурҳои хоси миллӣ ва муосир оро ёфта, ба маркази ноҳия зебоии хосса зам менамояд.

Тарабхона дар соҳили дарёи «Талхак», яке аз мавзеъҳои зебоманзари ноҳия ҷойгир буда, таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ бештар ҷалб месозад.

Ноҳияи Балҷувон дорои мавзеъҳои зиёди таърихию сайёҳӣ мебошад ва ба истифода додани чунин иншоот ба манфиат буда, дар самти муаррифии меҳмондории хоси тоҷикона ва санъати меъмории миллӣ ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ мусоидати зиёд мекунад.

Ба таъкиди масъулон, мавриди истифода қарор гирифтани иншооти хизматрасонии «Сайди Хосор» дар рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳии ноҳияи Балҷувон, такмили низоми хизматрасонӣ ва дар ин асос барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилию хориҷӣ замина мегузорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти нави хизматрасонӣ барои сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ иқдоми соҳибкори ватаниро шоёни таҳсин хонда, ба масъулон ҷиҳати рушди соҳаи туризм ва фароҳамсозии инфрасохтори боз ҳам беҳтар дар ин гӯшаи зебоманзари  мамлакат дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Ифтитоҳи тарабхонаи «Сайди Хосор» дар ноҳияи Балҷувон 23.09.2021

Сентябрь 23, 2021 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар гимназияҳои рақами 1 ва 4-и шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои иловагӣ идома дорад
Дар Суғд 84 корхонаи нав бо 536 ҷойи кор ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ мумфаршкунии роҳи дохилидеҳавӣ оғоз ёфт
Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд