Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкарро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 16.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкарро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, сармоягузорӣ, низомӣ ва дигар арсаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи тамосҳои сиёсии Тоҷикистону Ҳиндустон ва эътимоди мутақобили ду давлати бо ҳам дӯст изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар мулоқот тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона, муҳокима гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар чорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Милали Муттаҳид, баррасӣ намуданд.
Ҳар ду ҷониб вобаста ба амнияту суботи минтақа ва вазъи нигаронкунандаи сиёсиву низомии Афғонистон табодули афкор карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ мебошад.
Дар мулоқот инчунин дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима карда шуд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд






