Профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк: Агар дину дил як ва дар паҳлуи давлат бошанд, Ватан обод мешавад
ДУШАНБЕ, 04.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа бо иштироки Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк, ректори донишкада ва устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ ҳамоиш таҳти унвони «Сӯиистифодаи Ислом аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки агар дин, забон, миллат ва давлат дар иттиҳод бошанд, давлат устувору мустаҳкам ва дар роҳи рушд гомҳои устувор мегузорад. Таъкид гардид, ки агар дин бо ғаразу манфиатҳо истифода шавад, давлату миллатро пора ва несту нобуд мекунад. Аз авзои ҷаҳон ва минтақа, махсусан кишвари ҳамсояи Афғонистон мисолҳо оварда шуд ва зикр гардид, ки мутаассифона гурӯҳҳои манфиатҷӯ дини исломро сӯиистифода карда, ҳазорҳо танро ба хоку хун кашиданд, давлату миллатҳоро ноором сохтанд ва ба хотири манфиатҳояшон аз чизе даст намекашанд.
Тавре Саидмукаррам Абдуқодирзода қайд кард, тайи чанд соли охир бархе аз кишварҳои мусалмонӣ ба буҳрони бузург гирифтор шудааст, ки низоъу ҷангҳои нав ба нав ва дар майдони муборизаҳои сиёсӣ пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-мазҳабӣ нишонаи равшани он мебошад. Аз ҷумла, бо роҳи сиёсисозии дини ислом, бархе аз ашхос, ҳизбу гурӯҳҳо ва давлатҳои манфиатхоҳ доираи васеи мардумро ки фаҳмишҳои пасти динӣ доранд, барои пиёда кардани ҳадафҳои сиёсии худ истифода карда истодаанд. Ҳол он, ки дин ин муттаҳидкунанда аст, дин сулҳ аст, дин оромӣ аст, дин ахлоқ аст. Агар дин ба муҳтавои воқеияш истифода шавад, ҳамаро комёбу муваффақ ва саодатманд месозад. Агар суйиистифода шавад ҳамаро нокому сарсону парешон месозад.
Профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк изҳор дошт, ки дар шароити кунунӣ аз ҷониби гурӯҳҳои иртиҷои ва ташкилотҳои махсус дини ислом сӯиистифода мешавад, ки оқибати бадеро дар пай гузоштааст. Ба андешаи мавсуф, агар қалб, дин ва давлт иттиҳод бошанд, Ватан обод мешавад, давлат побарҷо мемонад. Аз ҷумла, номбурда гуфт, он шакли давлатдорие, ки имрӯз Тоҷикистон интихоб кардааст беҳтарин аст, бо ин шакл рушди давлат таъмин гаридааст ва бояд мардуми тоҷик дар паҳлуи Пешвои худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд, дар роҳи рушди минбаъади давлати тоҷикон, ки баъди ҳазорсолаҳо ба даст омаааст, саҳм гузоранд. «Дар шароити кунунӣ агар давлат бори дигар парешон шавад, ё нооромӣ сар занад, он гоҳ бунёду побарҷо карданаш хеле мушкил мешавад. Зеро таҷрибаи давлтҳое, ки динро васила ва ҳадафи худ қарор додаанд, ба ҳамагон маълум аст», гуфт Саадеттин Коҷатурк, профессори Донишгоҳи Анқара. Зирк шуд, ки мардуми Тоҷикистон аксаран ҳанафимазҳаб ҳастанд, беҳтарин мазҳаб ва роҳ ҳамин аст, ки онҳо ба мазҳаби худ пойбанд бошанд ва аз ихтилофҳои замони муосир, ки мутаассифона дар аксар кишварҳои минтақа ҷой дорад, бипарҳезанд. Зеро мазҳаби ҳанафӣ мардумро дар ин муддат ба таҳаммулгароӣ, ҳамзистӣ ва эҳтиром ба урфу одат ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ мекунад.
Дар поёни ҳамоиш аз ҷониби ҳозирин ба меҳмонон саволҳо роҷеъ ба Ватан, дин, мавқеи дин дар ҷомеа, Ватан доштан ва дӯст доштани он аз нигоҳи дини ислом пешниҳод гардид, ки онҳо бо овардани мисолҳои мушаххас аз китоби муқаддаси Қуръон ва ҳадисҳои саҳеҳ, посухҳои мушаххас доданд.








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






