Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 24.09.2021. /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони маҷмааи биноҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба яке аз кӯчаҳои пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон гузоштани номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва бунёди нимпайкараи ӯ, ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори сипос намуданд.
Ҳамчунин зимни баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарии ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Бо назардошти вазъияти мураккаби Афғонистон, таҳдиду хатарҳои нав дар минтақа ва зарурати таҳкими сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон, зикр гардид, ки ҳамкорӣ дар самти ҳарбию техникӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.
АКС аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ








Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид






