«РОҲ БА ПАРИЖ-2024». Сомон Маҳмадбеков дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷаҳон ва бародараш Маҳмадбек Маҳмадбеков дар ҳайати тими миллии Русия дар мусобиқаи байналмилалӣ ширкат мекунанд

Сентябрь 2, 2021 12:06

ДУШАНБЕ, 02.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ду тоҷик — қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон Сомон Маҳмадбеков дар ҳайати дастаи ҷаҳон ва бародари хурдиаш, қаҳрамони Русия, ғолиби мусобиқаи Grand Slam байни калонсолон Маҳмадбек Маҳмадбеков дар ҳайати дастаи  миллии Русия дар Мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба номи Дзигоро Кано ширкат мекунанд.

Сомон ягона паҳлавони Тоҷикистон аст, ки ба ин мусобиқа роҳ ёфта, дар вазни 73 кило вориди майдон мешавад. Ин мусобиқа қарор аст 3 сентябр дар шаҳри Владивостоки Русия таҳти сарпарастии Владимир Путин, раисҷумҳури ФР ва Ёсихидэ Суга, нахуствазири Ҷопон дар ҳошияи Форуми иқтисодии Шарқ баргузор шавад.

Тавре ки АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷаҳон ғолибону ҷоизадорони Чемпионати ҷаҳон оид ба наврасон- 2019 аз Туркия, Олмон, Ҳолланд, Фаронса, Маҷористон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Ба гуфти масъулин, мусобиқаи мазкур зери шиори  «Роҳ ба Париж» мегузарад.

ДАР АКС: Сомон ва Маҳмадбек Маҳмадбековҳо. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 2, 2021 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид