Рустами Эмомалӣ дар маросими гузоштани санги асоси бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон ширкат намуданд

Сентябрь 24, 2021 10:18

ДУШАНБЕ, 24.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Субҳи 24 сентябр дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳамроҳии Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев дар шаҳри Нур-Султон дар маросими гузоштани санги асоси маҷмааи биноҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок ва суханронӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маҷмааи биноҳои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иҷрои амалии «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба  мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб рафта, он дар яке аз гӯшаҳои зебову дилписанди шаҳри Нур-Султон, дар кӯчаи ба номи Анатолий Храпатий дар масоҳати 1,0 га бунёд мегардад.

Лоиҳаи иншооти бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистонро ҶСК «Шаҳрофар»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда, он аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Тибқи лоиҳа маҷмааи биноҳои Сафоратхона аз бинои 5-ошёнаи Сафорат бо масоҳати 3939,6 метри мураббаъ, бинои консулгарӣ бо масоҳати 446,4 метри мураббаъ, қароргоҳи сафир бо масоҳати 713,4 метри мураббаъ, хонаи истиқоматии 6-ошёна барои кормандон бо масоҳати 2517,2 метри мураббаъ, толорҳои зиёфат ва маҷлис дар масоҳати 648 метри мураббаъ, гузаргоҳҳои назоратӣ, таваққуфгоҳ, майдончаи варзишӣ ва нуқтаҳои техникӣ иборат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шуданд.

Хусусияти хоси муносибатҳои муосири Тоҷикистону Қазоқистон сатҳи баланди эътимоди мутақобил, шарикии стратегӣ ва наздик будани мавқеъҳо дар мавриди аксари масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвари дӯст дар заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ собит ёфтааст, ки беш аз 100 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, моҳи январи соли 1993 ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон санади бунёдӣ — Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 24, 2021 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид