СААД дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон машқҳои нави низомӣ мегузаронад

Сентябрь 10, 2021 12:20

ДУШАНБЕ, 10.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Машқҳои навбатии СААД моҳи октябр дар Тоҷикистон, дар наздикии марз бо Афғонистон баргузор мешаванд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Sputnik хабар медиҳад, Сардори ситоди муттаҳидаи  ин созмон Анатолий Сидоров гуфт, «ба ҷуз аз неруҳои дастҷамъии мустақими ҷойгиркунӣ, мо неруҳои вокуниши сареъ дорем — ин ҷузъи боз ҳам тавонотари Созмони мост. Бо ӯ мо танҳо моҳи октябр дар ҳарбмайдонҳои  Тоҷикистон- дар наздикии марз бо Афғонистон машқҳо мегузаронем, афзуд ӯ.  Дар майдони машқи низомии Эделвейс дар соҳилҳои Иссиқкӯл  дар Қирғизистон марҳилаи фаъоли машқҳои муштараки неруҳои дастҷамъонаи ҷойгиркунии минтақаи Осиёи Марказӣ ва амнияти дастҷамъонаи СААД- «Рубеж-2021» /Марз-2021/ гузаронида шуд. Дар ҷараёни машқҳо иштирокчиён амалиёти муштараки зиддитеррористӣ гузарониданд ва амалан  масъалаи гузаронидани амалиёти ҷангиро барои несту нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари шартии узви СААД ҳуҷум карданд, коркард  намуданд.

Дар машқи «Рубеж-2021» ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва гурӯҳҳои зудамали Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Қаблан Созмон вазъи номусоидро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон эълон карда буд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл СААД, ки  соли равон Тоҷикистон  раёсати онро ба уҳда дорад, баргузории машқҳоро  бо иштироки якчанд ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ эълон дошта буд. Қобили зикр аст, ки моҳи август машқҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон, дар километри 20-уми сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар пасманзари тезу тунд шудани вазъият дар Афгонистон баршгузор гарлида буд.

ДАР АКС: котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва Дабири кулли СААД Станислав Зас объектҳои муҳофизатиро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз назар мегузаронанд. Акс: © Хадамоти матбуоти СААД.

Сентябрь 10, 2021 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид