СААД дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон машқҳои нави низомӣ мегузаронад
ДУШАНБЕ, 10.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Машқҳои навбатии СААД моҳи октябр дар Тоҷикистон, дар наздикии марз бо Афғонистон баргузор мешаванд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Sputnik хабар медиҳад, Сардори ситоди муттаҳидаи ин созмон Анатолий Сидоров гуфт, «ба ҷуз аз неруҳои дастҷамъии мустақими ҷойгиркунӣ, мо неруҳои вокуниши сареъ дорем — ин ҷузъи боз ҳам тавонотари Созмони мост. Бо ӯ мо танҳо моҳи октябр дар ҳарбмайдонҳои Тоҷикистон- дар наздикии марз бо Афғонистон машқҳо мегузаронем, афзуд ӯ. Дар майдони машқи низомии Эделвейс дар соҳилҳои Иссиқкӯл дар Қирғизистон марҳилаи фаъоли машқҳои муштараки неруҳои дастҷамъонаи ҷойгиркунии минтақаи Осиёи Марказӣ ва амнияти дастҷамъонаи СААД- «Рубеж-2021» /Марз-2021/ гузаронида шуд. Дар ҷараёни машқҳо иштирокчиён амалиёти муштараки зиддитеррористӣ гузарониданд ва амалан масъалаи гузаронидани амалиёти ҷангиро барои несту нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари шартии узви СААД ҳуҷум карданд, коркард намуданд.
Дар машқи «Рубеж-2021» ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва гурӯҳҳои зудамали Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Қаблан Созмон вазъи номусоидро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон эълон карда буд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл СААД, ки соли равон Тоҷикистон раёсати онро ба уҳда дорад, баргузории машқҳоро бо иштироки якчанд ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ эълон дошта буд. Қобили зикр аст, ки моҳи август машқҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон, дар километри 20-уми сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар пасманзари тезу тунд шудани вазъият дар Афгонистон баршгузор гарлида буд.
ДАР АКС: котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва Дабири кулли СААД Станислав Зас объектҳои муҳофизатиро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз назар мегузаронанд. Акс: © Хадамоти матбуоти СААД.








Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид






