Сафири Афғонистон дар Душанбе даъват намуд, ки ҳукумати толибонро эътироф накунанд
ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар ҳукумати таъсис додаи толибонро ғайриқонунӣ номид ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки онро эътироф накунанд. Дар ин бора «РИА Новости» хабар медиҳад. «Ман бо толибон, то он даме ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром нагузоранд ва ҳукумати фарогир таъсис надиҳанд, ҳамкорӣ нахоҳам кард»,-гуфт сафир имрӯз дар Душанбе ба хабарнигорон.
«Ҳукумате, ки режими толибон ташкил кардааст, ғайриқонунист ва ман аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунам, ки онро эътироф накунанд. Ин ҳукумати террористонест, ки чанде пеш барои ҷиноятҳои худ дар Гуантаномо зиндонӣ шуда буданд», -шарҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи дипломати афғон, ӯ дар Тоҷикистон ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳро намояндагӣ мекунад.
«Муқовимат дар Панҷшер идома ва тавсеа хоҳад ёфт ва ман дар ин ҷо Амруллоҳ Солеҳро ҳамчун президенти Афғонистон намояндагӣ мекунам»,- гуфт ӯ.
Биног ба суханони ӯ, ҳамаи 67 намояндагии дипломатии Афғонистон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳукумати толибонро эътироф намекунанд. Вай бо ишора ба вазъи дараи Панҷшер, ки дар он неруҳои муқовимат ҷойгиранд, гуфт, ки “Толибон”* талафоти зиёд мебинанд ва қисми асосии дара таҳти назорати муқовимат қарор дорад.
Ағбар ҳамчунин зикр намуд, ки «ҳоло ҷанг дар кишвари ман на танҳо байни афғонҳост, Покистон, ки ҳамла ба Панҷшерро ташкил кард, фаъолона дахолат мекунад».
Дар Панҷшер, ба гуфтаи сафир, «ҳама роҳбарони муқовимат бо сарварии Амруллоҳ Солеҳ ва Аҳмад Масъуд дар онҷоянд ва амалиётҳои ҷангиро раҳбарӣ мекунанд».
Дипломат гузоришҳои шабакаи “Ал-Ҷазира”-ро дар он хусус, ки ихтилофот дар сафи муқовимат байни Масъуд ва вазири собиқи дифоъ Муҳаммад Фаҳим оғоз шудааст, рад кард. «Дар сафи муқовимат ҳеҷ гуна ихтилоф вуҷуд надорад, ҳама ҳамчун як мушт амал мекунанд, ҳамаи миллатҳои Афғонистон, ки режими толибонро қабул надоранд, аз ҷумла узбекҳо, ҳазораҳо ва паштунҳо ба сафи муқовимат пайвастаанд ва ба зудӣ дар Панҷшер ҷаласаи умумимиллии афғонҳо ва шӯро бо иштироки ҳамаи роҳбарони низомии маъруф, ки толибонро эътироф надоранд, ташкил карда мешаванд», -гуфт Ағбар.
Толибон як моҳ пеш ҳамлаҳо ба нерӯҳои ҳукуматиро тақвият дода, 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расидааст. Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ аз фурудгоҳи Кобул баромада, ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистонро қатъ карданд. 6 сентябр толибон эълон карданд, ки Панҷшер, аз 34 вилояти Афғонистон охирин вилоят таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст. Рӯзи дигар ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон шуд. Ба он Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар замони ҳукмронии аввали “Толибон”* вазири корҳои хориҷӣ буд ва таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад(!), раҳбарӣ мекунад.
___________________________
* Ташкилоти террористӣ, ки дар Тоҷикистон ва сойири кишварҳо мамнӯъ аст.








Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад






