Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Сентябрь 14, 2021 08:12

ДУШАНБЕ, 14.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16-17 сентябри соли 2021 сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон ба Тоҷикистон сурат мегирад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар чорчӯби сафари мазкур Сарвазири Покистон дар нишасти ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамзамон дар иҷлосияи муштараки сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД дар Душанбе иштирок мекунад.

Дар назар аст, ки зимни сафари мазкур мулоқотҳои Сарвазири Покистон бо роҳбарияти олии кишвар доир гардида, бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расад.

Сарвазири Покистонро дар ҷараёни сафари расмӣ ба Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии он кишвар Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ва дигар ашхоси расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Зимнан дар доираи сафари мазкур нишасти чоруми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон дар назар аст.

АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 14, 2021 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд