Шӯрои Амнияти СММ ва Президенти Тоҷикистон ба ҳукумати фарогири Афғонистон даъват мекунанд
ДУШАНБЕ, 02.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. СММ аз Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон) интизор аст, ки ҳукумати нави Афғонистон фарогир хоҳад буд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора дирӯз, 1 сентябр дар брифинг муовини намояндаи расмии Дабири кулли СММ Флоренсия Сото Нино дар посух ба дархости ТАСС оид ба шарҳ додани маълумот дар бораи таъйинот ба мансабҳои давлатӣ изҳори назар намуд.
«Шӯрои Амният қаблан (дар баёнияе, ки 16 август паҳн шуд. — Тавзеҳ. АМИТ «Ховар») ва дабири кулл дирӯз (31 август дар мулоқот бо намояндагони доимии кишварҳои «панҷгона»-и Шӯрои Амнияти СММ, бахшида ба Афғонистон. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар»), равшан изҳор доштанд, ки мо интизори ҳукумати фарогир ҳастем. Мо интизорем, ки чӣ мешавад. Ҳукумат ҳоло ташкил нашудааст, гарчанде ки мо медонем, ки ба наздикӣ эълон мешавад»,-гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки миёни сарони давлатҳо бори аввал пешниҳод дар бораи зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 25 августи соли равон дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳмуд Қурейшӣ иброз гардида буд. Сарвари Тоҷикистон таъкид кард, ки барои ҳалли фаврии масъалаҳои сиёсӣ ва амниятӣ дар кишвари ҳамсоя ҳукумати фарогир бо намояндагӣ аз ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ таъсис дода шавад.
Худи ҳамон рӯз Президенти Русия Владимир Путин ва сарвазири Покистон Имрон Хон низ ба ҷонибдории ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон баромад карданд. Мусоҳибон «аҳамияти нигоҳ доштани сулҳ, амният ва пешгирии зӯроварӣ дар кишвар, роҳандозии муколамаи байни афғонҳоро, ки ба ташаккули ҳукумати фарогир, ки манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолиро ба назар мегирад», таъкид карданд, иттилоъ дод маркази матбуоти Кремл.
Рӯзи дигар, 26 август, бо ташаббуси президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел, суҳбати телефонии ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Дар саҳифаи «Твиттер»-и худ Шарл Мишел, аз ҷумла менависад: «Ман бо Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи Афғонистон ва оқибатҳои он барои Осиёи Марказӣ ва инчунин изҳороти ахиран нашркардаи Ҳукумати Тоҷикистон мубодилаи афкор кардам. Мо бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зарурати ҳукумати намояндагӣ ва фарогир дар Афғонистон ва аҳамияти ҳамкории дуҷониба дар идоракунии сарҳади Осиёи Марказӣ дар мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ба мувофиқа расидем. Мо бесаброна интизори вохӯрӣ бо Ҷаноби Олӣ дар Брюссел ҳастем».
Дирӯз, 1 сентябр, Латиф Пидром, роҳбари Ҳизби Конгресси Миллии Афғонистон низ дар як мусоҳиба бо «АП» аз ташкили ҳукумати фарогири Афғонистон пуштибонӣ кард. «Ин ягона роҳи ҳал барои «Толибон» аст», — гуфт ӯ.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Al Jazeera, имрӯз маълум шуд, ки ба ҳайати нави ҳукумати Афғонистон намояндагони маъмурияти пешини ин кишвар шомил намешаванд. Интизор меравад, ки қарорҳо дар бораи ҳайати девони вазирони «Толибон» 3 сентябр эълон шаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд






