Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

Сентябрь 30, 2021 19:10

ДУШАНБЕ, 30.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, аз оғози бақайдгирӣ то имрӯз, 30 сентябр дар кишвар 17084 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16960 шифо ёфтаанд. Инчунин, 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ — ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

 

Акс аз бойгонӣ

Сентябрь 30, 2021 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад