Сироҷиддин Муҳриддин дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо даъвати Канслери Ҷумҳурии Австрия Себастиан Куртс дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон, бахусус занон ва духтарон дар Афғонистон ва минтақа, ки аз ҷониби Намояндагии доимии Австрия дар СММ танзим гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суханронӣ С.Муҳриддин ба ҳозирин мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар робита ба қазияи Афғонистон тавзеҳ дода, ба аҳамияти расонидани кумаки фаврии башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва таъмини ҳуқуқи занону духтарон ба таҳсил, инчунин ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати васеи ҳамаи қавму гурӯҳҳои этникӣ, бахусус тоҷикон, ки 46 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд, таъкид кард.
Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷӣ дар суханронии худ ба аҳволи вазнини мардум дар вилояти Панҷшери Афғонистон, ки дар он ҷо толибон на танҳо ба ҳуқуқвайронкунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон, балки ба зулму шиканҷаи мардум машғуланд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Зимнан аз кишварҳои таъсиргузор ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳарчи зудтар садди роҳи зулму шиканҷа ва беқонуниву беназмиро гиранд ва дар кушодани роҳҳо ҷиҳати расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Панҷшер ва дигар минтақаҳои Афғонистон мусоидат кунанд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






