Соҳибкори маҳаллӣ дар Тоҷикобод ба 30 оилаи маъюбу камбизоат кумаки моддӣ расонид

Сентябрь 8, 2021 12:04

ТОҶИКОБОД, 09.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ Собирҷон Аҳмадов ба муносибати ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ниёзмандону маъюбон ба 30 оилаи маъюбу ниёзманд кумаки моддӣ, аз қабили 50-килограммӣ орд ва  равғану макарон  расонида шуд.

Дар доираи амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати кишвар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бобати хидмат ба ниёзмандон, эҳтиёҷмандон ва маъюбон  пайваста талош меварзад. Чунки хайру саховат ба ниёзмандону маъюбон ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани ин қишри ҷомеа аз сиёсати пешгирифтаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ  аз анҷом додани  корҳои хайру савоб сухан гуфта, таъкид менамоянд, ки  «лутфу эҳсон ба наздикону атрофиён, дасти фитодаеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон кумак кардан, худдорӣ намудан аз ҳама гуна амалҳои ношоиста, доштани забони пок, муомилаи хуб, ахлоқи нек ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки  риояву гиромидошти онҳо зарур мебошад».

 АКС: АМИТ  «Ховар»

Сентябрь 8, 2021 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад