Соҳибкори маҳаллӣ дар Тоҷикобод ба 30 оилаи маъюбу камбизоат кумаки моддӣ расонид
ТОҶИКОБОД, 09.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ Собирҷон Аҳмадов ба муносибати ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ниёзмандону маъюбон ба 30 оилаи маъюбу ниёзманд кумаки моддӣ, аз қабили 50-килограммӣ орд ва равғану макарон расонида шуд.
Дар доираи амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати кишвар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бобати хидмат ба ниёзмандон, эҳтиёҷмандон ва маъюбон пайваста талош меварзад. Чунки хайру саховат ба ниёзмандону маъюбон ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани ин қишри ҷомеа аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ аз анҷом додани корҳои хайру савоб сухан гуфта, таъкид менамоянд, ки «лутфу эҳсон ба наздикону атрофиён, дасти фитодаеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон кумак кардан, худдорӣ намудан аз ҳама гуна амалҳои ношоиста, доштани забони пок, муомилаи хуб, ахлоқи нек ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки риояву гиромидошти онҳо зарур мебошад».
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






