Станислав Зас: Дар наздикии марзи Тоҷикистон ва Афғонистон силсиламашқҳои густурдаи Неруҳои дастҷамъии СААД баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 16.09.2021 /АМИТ «Ховар» /. «Роҳбарони кишварҳои узви СААД ба мувофиқа расиданд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо мушкилот ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон ба вуҷуд меоянд, саъю кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ диҳанд. Ин созмон чораҳои амалии дастҷамъӣ таҳия кардааст, ки барои таъмини амнияти Тоҷикистон дар сурати шиддат ёфтани вазъи сарҳад пешбинӣ шудаанд. Бо ҳамин мақсад дар як моҳ дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон силсиламашқҳои густурдаи Неруҳои дастҷамъии СААД- «Ҷустуҷӯ-2021», «Эшелон-2021», «Ҳамкорӣ-2021» ва «Кобалт -2021″ баргузор мешаванд, ки ҳамаи онҳо тибқи нақшаи ягона мегузаранд»,-гуфт Дабири кулли СААД Станислав Зас ба хабарнигорон пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ.
Ба гуфтаи вай, барои суръат бахшидан ба кори қабули Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки Тоҷикистон дар доираи СААД пешниҳод кардааст, созиш ҳосил шуд. Тоҷикистон, тавре ки медонед, тӯлонитарин марз бо Афғонистонро дорад — 1344 км, ки бисёр мавзеъҳои он аз минтақаи баландкӯҳи дастнорас мегузаранд.
Станислав Зас зикр кард, ки яке аз масъалаҳои асосие, ки имрӯз сарони давлатҳо муҳокима карданд, вазъи Афғонистон буд, ки пас аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва қӯшунҳои низомии НАТО аз он ба куллӣ тағйир ёфт.
Ҳамлаи босуръати ҷунбиши «Толибон», таҳти назорати он гузаштани қариб тамоми қаламрави Афғонистон, аз ҷумла марзҳои давлатӣ ва пойтахт- шаҳри Кобул, инчунин тағйири қудрат дар кишвар ба вазъияти минтақаи Осиёи Марказии амнияти дастҷамъии СААД таъмири назаррас гузошта, моро ба ташвиши амиқ меорад.
СААД рушди вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро бодиққат назорат мекунад. Ҳадафи аслии Созмон дар шароити мавҷуда таъмини амнияти кишварҳои узви СААД боқӣ мемонад. Ҳамзамон мо дар фаъолияти худ афзалияти сиёсӣ ва дипломатиро идома медиҳем.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Вернон Коаке мулоқот намуд
Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд






