Китоби нави Муҳаммадӣ Сафолзода оид ба нақши Президенти Тоҷикистон дар танзими масоили Афғонистон аз чоп баромад

Сентябрь 1, 2021 13:18

ДУШАНБЕ, 01.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш китоби чаҳоруми олим-шарқшиноси тоҷик, коршиноси равобити баналмилалӣ Муҳаммадӣ Сафолзода аз силсилаи «Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ба танзим даровардани масъалаи Афғонистон (соли 2014)»  нашр гардид.

Дар таҳқиқоти монографии мазкур идомаи иқдомот ва ташаббусҳои созандаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар соли 2014, замоне, ки давраи муайяни таърихӣ ба итмом расида, рўйдоди муҳими сиёсӣ – интихоботи президентӣ дар назар буда, ҳамзамон, ба асоси мувофиқае, ки байни ҷонибҳо сурат гирифтааст, Эътилофи неруҳои байналмилалии таъмини сулҳ дар Афғонистон (ISAF), бояд ин кишварро тарк намоянд, инъикос карда шудааст.

Масъалаи Афғонистон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин бора аз ҷониби онҳо омўзиши амиқи мушкилоти ҷанги дохилӣ ва омилҳои «гиреҳи афғонӣ», ки ҳаллу фасли онро барои солҳои дуру дароз ба таъхир андохтааст, шаҳодат медиҳад.

Дар монография диққати махсус ба нақши бунёдии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ташаккули усулҳо ва асосҳои консептуалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалиятҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар, байни солҳои 1992-2014 дода шудааст.

Ҳамзамон, ҷанбаҳои сиёсати хориҷии таъмини сулҳу суботи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави мушкилоти Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Ба итмом расидани соли 2014 аз рўи нишондиҳандаҳои зиёде барои Афғонистон давраи натиҷагирӣ аз буду боши чаҳордаҳсолаи  Эътилофи неруҳои байналмилалии таъмини сулҳ дар Афғонистон (ISAF) ба шумор меравад, зеро ҷомеаи байналмилалӣ якҷо бо сокинони ин кишвар натоиҷи мусбати ҳузури ин намояндагиро интизор доштанд.

Аммо, воқеияти ҷаҳони ҷаҳоншумул (глобализатсияшуда) аз он шаҳодат медиҳад, ки мухолифатҳои дохилисиёсӣ, байниқавмӣ ва байнимазҳабиро наметавон аз роҳи низомӣ ҳаллу фасл намуд, ки дар ин бора Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иброз доштааст.

Идомаи бесуботиҳо дар ин кишвар, баъд аз ҳузури хеле тулонии низомиёни хориҷӣ, бори дигар моро ба таърихи муқовимати дохилисиёсии Тоҷикистон бармегардонад, ки дар сарчашмаи барқарории сулҳу суботи бунёдӣ ва ваҳдати миллӣ,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодааст.

Чуноне, ки вақт нишон медиҳад, ба шарофати муҳаббати фарогир ба тамоми хонадони умумиинсонӣ, Пешвои миллат, на танҳо дар мавриди барқарории сулҳ дар Тоҷикистон, балки вобаста ба масоили Афғонистони дўст ва бародар ғамхорӣ менамоянд, ки дар он ҷо муддати беш аз чиҳил сол аст, бархўрди дохилисиёсӣ, бо печидагиҳои омилҳои беруна, ҳалли масъаларо аз тариқи роҳҳои дипломатӣ мушкилтар гардонидааст.

Дар китоб, як боби алоҳида ба мавзӯи дидгоҳи минтақавӣ (осиёимарказӣ) ва ҷаҳоншумулии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷанбаҳои таърихӣ-сиёсии таҳқиқи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли мушкилоти Афғонистон бахшида шудааст.

Маҳз соли 2014 нишон дод, Эътилофи байналмилалӣ, ки дар назар буд Афғонистонро тарк намояд, дар ҳоли ҳозир чунин тасмим надорад.

Дар партави чунин рўйдодҳо моҳият ва аҳамияти ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли масъалаи Афғонистон бештар барҷаста ва равшантар мегардад.

Табиист, ки ҳамчун далелҳои таърихӣ иқдомҳои созандаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли қазияи Афғнистон бо шаклҳои гуногун шомили саҳифаи таърих мегарданд.

Чуноне, ки таҳқиқот нишон медиҳад, «буҳрони афғонӣ» паҳлуҳои гуногун, бозигарони зиёди мухталиф дорад, ки бо мурури замон назар ва ақоиди худро вобаста ба ин мушкилот тағйир медиҳанд.

Аз ин нигоҳ, бештари саволҳо боз мемонанд, аммо, хизмати бузурги бунёдии иқдомот ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки онҳо ба хотири аз байн бурдани проблемҳои имрўзаи ҷомеаи афғонӣ равона гардида, ҳамзамон саъй доранд уфуқҳои дар дурнамо будаи ҷомеаи инсониро низ дар бар бигиранд, ки онҳо бо равшан кардани ин мушкилот ва нуқсонҳо бо назари муҳаққиқонаашон, ба таври созанда роҳҳои ҳаллро низ пешниҳод менамоянд.

Китоб ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Сентябрь 1, 2021 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид